Ахиран, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони то 35-солаи кишвар аз иштирок дар маросими “Ҳаҷ-2015” маҳрум хоҳанд буд. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, иқдоми мазкур ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли Тоҷикистон барои адои ҳаҷ гирифта шудааст. Дар иттилоияи кумита омадааст, “Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иқдом кардааст, то ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ авлавият ба нафароне дода шавад, ки аллакай синнашон аз 35 гузаштааст”. Ин иқдом ба вокунишҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд ва тарафдорону мухолифонашро дошт. Зимнан, “Озодагон” аз чанд соҳибназар пурсид, ки “Қарори Кумитаи дин дар мавриди манъи рафтани то 35 солаҳо ба Ҳаҷ эҳтиром ба калонсолон аст ё маҳдудияти навбатӣ?”