Чопи "Як бағал ғазал"-и Фирдавси Аъзам дар Лондон
Маҷмӯаи шеъри "Як бағал ғазал"-и шоири ҷавони тоҷик -- Фирдавси Аъзам, ки чанде қабл дар шаҳри Теҳрони Эрон нашр шуд, ахиран дар шаҳри Лондони Ингилистон мугташир гардид.
Фирдавси Аъзам ба “Озодагон” гуфт, онро интишороти “H&S Media”-и Лондон бо саъй ва эҳтимоми рӯзноманигори варзидаи тоҷик -- Дориюши Раҷабиён ба чоп расондааст. Пешгуфтори китобро ҳам оқои Раҷабиён навиштааст. Дар он азҷумла гуфта мешавад, "Фирдавси Аъзам аз овоҳои тоза дар Тоҷикистон аст. Тоза, на танҳо ба маънои ҷавону наврасида, балки бештар ба маънои чомасарое, ки сухане нав барои гуфтан дорад; дар сарое, ки гумон меравад ҳамаи гуфтаниҳоро дигар гуфтаанд ва навбат ба ногуфтаниҳо расидааст. Тоза сӣ гули дарахти умраш шукуфта ва “Як бағал ғазал”-и Фирдавс ҳам шомили сӣ дона ғазал аст. Ба қавли худи ӯ, “шояд ба ин баҳона, ки сисола мешавам...” Фирдавс тоза дар сароғози роҳ аст ва бегумон бо бағале пуртар ба шоҳроҳ ҳам хоҳад расид".
Фирдавси Аъзам 21 ноябри соли 1984 дар рустои Худгифи Сояи минтақаи Масчоҳи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Фориғуттаҳсили риштаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва мутарҷими забони инглисист. То кунун навиштаҳо ва чакомаҳояш дар нашрияҳои Тоҷикистон ва торнамоҳои мухталифи порсӣ мунташир шудаанд. “Абрҳои обӣ” номи нахустин дафтари шеъри Фирдавс аст, ки соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд мунташир шуд. "Як бағал ғазал” дувумин маҷмӯаи шеъри ӯст.