Боздошти сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми куштор
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба қатли сокини 22-солаи ноҳияи Варзоб, ки аз захми корд рӯзи 14 апрел дар беморхона ҷон дод, гумонбареро боздошт кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар ин куштор сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешавад, ки дар пайи як амалиёти ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони пулис рӯзи 16 апрел дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуда, парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.
Рӯзи 14 апрели соли равон ронандаи 22-солаи мошини “Опел-Астра”, сокини ниҳояи Варзоб, ки дар роҳ ба сӯи ноҳияи Ёвон мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтанд, ин сокини ноҳияи Варзоб рӯзи 14 апрел тахминан соатҳои 16:30 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ аз сӯи фарди ношиносе мавриди ҳамла қарор гирифтааст: “Бо корд 1-маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, баъдан ӯро аз дохили автомашина дар роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”