Мавъизаи “Хутбаи сабз”: “Об- неъмати муқаддас”
Мусалмонони тамоми ҷаҳон рӯзи ҷумъаи 24 апрел дар мавзӯи норасоии об суҳбат хоҳанд кард. Бино ба иттилои расонаҳои динӣ, ин мавзӯъ “Хутбаи сабз” унвон хоҳад дошт, ки ба Рӯзи замин бахшида шудааст.
Гуфта мешавад, ходимони дин дар намози ҷумъаи оянда дар мавзӯи “Об- неъмати муқаддас” мавъиза хоҳанд кард: “Пешвоёни дин ба мусалмонон дар бораи оби тозаи нушокӣ ва зарурати сарфаи оқилонаи захираҳои обии сайёра сухан мегӯянд”.
Бино ба иттилои Созмони милали муттаҳид, айни ҳол дар сайёра ҳудуди 750 миллион ба оби нушокии безарар дастрасӣ надорад ва ҳар дақиқа аз бемориҳои вобаста ба об як кӯдак мефавтад. Ин созмони ҷаҳонӣ инчунин мегӯяд 1,2 миллиард, ки як ҳиссаи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, дар минтақаҳое, ки норасоии об дида мешавад, зиндагӣ мекунанд.