АКСУ ВИДЕО: Ниммарафони Душанбе ба хотири Рӯзи пойтахт
Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе имрӯз, 18 апрел соати 9:00 оғоз шуд.
Чунин ниммарафон сар аз соли 2010 баргузор шуда, ба қавли созмондиҳандагони он, соли 2014 ба тақвими мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Дар ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз давлатҳои Афғонистон, Русия, Испания, Узбакистон, Эрон, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок доранд.
Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифта, аз Наврӯзгоҳи Душанбе тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ то майдони “Дӯстӣ” баргузор мегардад.
Маросими тақдими ҷоизаҳо фардо, 19 апрел бо ҳузури шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир хоҳад шуд.