Аҳтам Абдуллозода ба ҷавонон: Ба иттилои бардурӯғ дода нашавед
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз ҷавонони кишвар даъват кардааст, ҳамеша дар мавқеи худ устувор буда, ба иттилои бардурӯғ дода нашаванд. Ҷаноби Абдуллозода ин нуктаро рӯзи 17 апрел зимни мулоқот бо ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иброз доштааст.
Наврӯз Қурбонов, масъули дафтари матбуоти Кумита ба “Озодагон” гуфт, Аҳтам Абдуллозода дар ин мулоқот иброз доштааст, ки ҷараёнҳои ҷаҳонӣ тавассути иттилооти гуногун ба ҷавонон таъсир расонида, боиси аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва эҳтироми волидайн мегардад.
Ба иттилои манбаъ, раиси Кумита аз афзоиши ҷинояткорӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, қайд намудааст, дар замони муосир аз худ кардани донишҳои технологӣ амрӣ зарурист, аммо он бояд ба маврид истифода шавад: “Тибқи маълумотҳои оморӣ бештар аз 3 миллиону 200 ҳазори аҳолиро ҷавонони аз 14 то 30 сола ташкил дода, падидаҳои номатлуби дар ҷомеа пайдогардида низ ба онҳо бетаъсир буда наметавонад”.
Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, ки дар ин мулоқот ширкат доштааст, доир ба маърифати занон, роҳҳои коҳиш додани вайроншавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда, таъкид кардааст, дар замони муосир дар олам омезиши шадиди фарҳангҳо идома дорад ва дар ин давра нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи насли ҷавон аст.