Мусодираи 35 ҳазор $-и як тоҷик ба нафъи буҷаи Кремл
Бо қарори додгоҳе дар шаҳри Челябинск 35 ҳазор доллари амрикоии як шаҳрванди Тоҷикистон ба нафъи буҷаи давлати Русия мусодира шудааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон дар қочоқи пули нақд аз Русия ба Ватан айбдор эълон гардидааст. Расонаҳо мегӯянд, алайҳи ӯ замоне парванда бо иттиҳоми қочоқи пули нақд боз шуд, ки мехост 35 ҳазор долларро бидуни қайди гумрукӣ ба Ватан интиқол диҳад. Инчунин муҳоҷири тоҷик ба пардохти 66 ҳазор рубли русӣ ҳамчун ҷарима муваззаф шудааст.
Тибқи иттилои Додситонии нақлиёти минтақаи Урали Русия ин шаҳрванди Тоҷикистон охири моҳи феврали соли равон дар фурудгоҳ боздошт гардид. Ӯ чиптаи хатсайри Челябинск – Хуҷандро бо худ доштааст.
Манбаъ афзудааст, “бар асоси қавоиди гумрукии Русия берун бурдани пули нақд дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ бидуни қайд мамнӯъ мебошад, аз ин рӯ шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси банди 1-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор дониста шуд”.