Латукӯби ҳамсар то дами марг
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҳисор хабар додааст, ки ҳамсари худро то дами марг латукӯб кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, ин сокини 50-солаи ноҳияи Ҳисор рӯзи 15 апрели соли равон дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, тахминан соатҳои 23:00 бо ҳамсари худ ҷангу ҷидол карда, ӯро шадидан латукӯб кардааст.
Манбаъ меафзояд, ки зан дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст: “Ҳоло алайҳи ин сокини ноҳияи Ҳисор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.