Убайдуллоев бо пешниҳоди Маҳкамов боз раис ва Қодирию Шодихон муовин шуданд
Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва куҳансолтарин узви Маҷлиси Миллӣ имрӯз, 17-уми апрел дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба мақоми раисӣ дар палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кард.
Тавре Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” аз нахустин ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ, даъвати панҷум, иттилоъ дод, аз 32 узви Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласа ҳама номзадии Убайдуллоевро ҷонибдорӣ карда, дигарбора раиси палатаи болоии парлумон интихоб намуданд. Раиси палатаи болоии парлумон дар Тоҷикистон баъди раисиҷумҳур шахси дуюм ба ҳисоб меравад.
Инчунин ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва ба вазифаи муовини раис намоянда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Шодихон Ҷамшед интихоб карда шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳоле раис интихоб шуд, ки қаблан, бо вуҷуди ба синни нафақа расиданаш тавонист ду курсияш-раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси вакилони шаҳриро ҳифз кунад. Маҳмадсаид Убайдуллоев як моҳи пеш дар нахусти ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе гуфт, мехост аз мақоми раиси шаҳр истеъфо бидиҳад, вале Президенти Тоҷикистон истеъфояшро напазируфт. Ба қавли манбаъ Убайдуллоев дар оғози маҷлиси вакилони тозаинтихоб изҳор дошт, “чунин эҳтимолият вуҷуд дошт, ки ман дигар кор накунам, чун ба синни нафақа расидаам. Аммо сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳоло вақти нафақа нест, шумо бояд кор кунед”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, якуми феврали соли равон, ба синни 63-солагӣ расид, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун синни нафақа барои мардон муқаррар шудааст. Ҳарчанд дар пасманзари 63-солагии Убайдуллоев овозаҳо дар мавриди эҳтимоли барканорияш зиёд гардиданд, ӯ тавонист, ки мақоми раисияшро дар шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси вакилони шаҳр ҳифз кунад.
Ин дар ҳолест, ки бо фармони раисиҷумҳур нисфирӯзи 17-уми апрел нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум баргузор хоҳад шуд.