Маркази тестӣ: Танҳо дар ВМКБ довталабони духтар аз писарон бештаранд
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол аз ҳама бештар довталабон ба ихтисосҳои тиб ва биология ҳуҷҷат супурдаанд.
Ситорабону Назарова, сухнагӯйи Маркази миллии тестӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то кунун наздик ба 62 ҳазор довталаб дар ин Марказ номнавис шудаанд, ки аз ҳама бештар довталабони гуруҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 20931 нафар будаанд. Дар дигар гуруҳи ихтисосҳо: гуруҳи 1-ум (табиӣ ва техникӣ) 9153, гуруҳи 2 (иқтисод ва география)13 203 ва дар гуруҳҳои 3 (филолгия, педагогика ва санъат) ва 4 (Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) мутаносибан 10 522 ва 7770 довталаб асноди худро пешниҳод намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ номмнавис шудани довталабон вобаста ба минтақаҳои кишвар чунин аст: дар шаҳри Душанбе 6751 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10111, Суғд 15 461, Хатлон 26398 ва ВМКБ 2836 нафар.
Ҳамчунин бар асоси омори Маркази миллии тестӣ шикофи бузурги ҷинсиятӣ миёни довталабон дида мешавад. Аз 61 579 нафар довталаби номнависшуда 38 036 нафарро писар ва танҳо 23 543 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Духтарон аз ҳама бештар дар ВМКБ номнавис шудаанд. Танҳо дар ин вилоят теъдоди духтарони номнависшуда аз писарҳо бештар мебошад. Аз 2836 нафар 1472 нафарро духтарон ташкил мекунанд. Дар сатҳи ноҳия ва шаҳрҳо духтарон аз ҳама бештар дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1543 нафар ва аз ҳама кам дар ноҳияҳои Куҳистони Масчоҳ (17)-у Ҷиргатол (19) нафар номнавис шудаанд.
Ҳамчунин аз теъдоди умумии довталабон 186 нафар ятими кул, 159 нафар маъюби дараҷаҳои гуногун ва 3113 нафар нимаятим будаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ аз шумораи умумии довталабон 52424 нафарро хатмкунадагони имсоли макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 9155 нафарро хатмкунандагони солҳои пешин ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки то кунун шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор бештар мебошад, зеро соли гузашта ҳудуди то 51 ҳазор довталаб дар имтиҳоноти дохилшавӣ ширкат карда буданд.
Ҳоло ин Марказ муҳлати номнавис кардани довталабон ба макотиби олии кишварро, ки гуфта мешуд, 15-уми апрел қатъ мешавад то 30-юми ин моҳ тамдид кардааст.
Ба гуфтаи Ситорабону Назарова шуруъ аз 16-уми апрел “азнавбақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсияшонро доранд, аз 16‑уми апрел оғоз гардида, то 30‑юми апрел идома меёбад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он аз қайд гузаштаанд, ҳозир шаванд”.
Ҳамчунин сухангӯйи Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ки довталабоне, ки дар нуқтаҳои сайёр сабти ном шудаанд, бояд мувофиқан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии расмӣ, ки дар торнигори ин Маарказ муайян шудаанд ва рӯйхаташ вуҷуд дорад, муроҷиат намоянд.