Сафири Амрико: Зӯри Душанбе ба хатарҳои хориҷӣ мерасад
Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе бо баргузории як нишаст дар бораи хатару таҳдидҳои берунӣ ба амнияти Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорон посух гуфт.
Дар ҳоле мақомоти баландпояи рус аз хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон пай дар пай ҳушдор медиҳанд, хонум Эллиотт рӯзи 16 апрел дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, Тоҷикистон барои мубориза бо ҳама гуна гуруҳҳои террористию таҳдидҳои хориҷӣ омода аст.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон низ дар ин бора худро бетараф нахоҳад гирифт ва ба хотири омӯзиш ва омода кардани артиши тоҷик барои муқобала бо таҳдидҳои берунӣ дар канори Душанбе хоҳад буд.
Сафири ИМА дар мавриди таҳдиду хатарҳое, ки аз сӯи мансабдорони рус ҳушдор дода мешавад, афзуд, “ба амнияти Тоҷикистон хатари умумие аз сӯи ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон ё худ ал-Қоида эҳсос мешавад, вале то куҷо ҳақиқат доштани ҳарфҳои намояндагони Кремлро аз худи онҳо бояд пурсид”.
Ин дар ҳолест, ки муовини вазири дифои Русия -- Анатолий Антонов ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, “Давлати исломӣ” аз ҳама беш ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Инчунин масъулини баландпояи Русия ва Тоҷикистон аз таҷаммӯи ҳазорҳо ҷангӣ дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳушдор дода буданд, ки ба гуфтаи низомиёни Афғонистон чандон асос надорад.