Қурби 1000 рубл аз ҳадди 130 сомонӣ гузашт
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон дубора боз боло рафта, феълан 1000 рубл 130 сомонӣ арзиш дорад.
Имрӯз, 16-уми апрел дар лавҳаи нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази шаҳри Душанбе арзиши 1000 рубли русӣ 130-131 сомонӣ навишта шудааст. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон арзиши 1000 рубл ҳудуди 110-112 сомонӣ ва аз ин пештар то 80 сомониро ташкил медод.
Арзиши рубл дар Русия низ каме боло рафта, феълан 50 рубли русӣ баробар бо як доллар шудааст. Бояд гуфт, аз моҳи ноябри соли гузашта бори аввал аст, ки арзиши рубл то ин нукта расидааст. Дар ҳоле ки охирҳои соли гузашта ва аввали соли равон харидории як доллари амрикоӣ дар Русия бар ивази 78 то 80 рубл имкон дошт.
Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион сокини кишвар дар қаламрави Русия кору фаъолият карда, музди меҳнатро бо рубл мегиранд ва аз қурби ин асъори хориҷӣ ҳаҷми даромади муҳоҷирон ва мутаносибан иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад.
Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки қариб 90 дарсади маблағҳо аз Русия бо асъори рубл ворид мешаванд. Ба иттилои ин ниҳод дар соли 2014 ба ҷумҳурӣ 3,9 миллиард доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 8,3 фоиз кам аст: “Аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад”.