АКС Оғози пардохти нафақа баъди эътироз дар маркази Душанбе
Дар пайи эътирози даҳҳо нафақахӯри шаҳри Душанбе аз таъхири пардохти нафақаашон масъулин ваъда доданд, ки ним соат баъд тақсими маблағҳо оғоз хоҳад шуд.
Ҳамидов Салим, нафақахӯри 68-сола, ки дар назди бинои Амонатбонк дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз таъхиркории масъулин шикоят мекард, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қаблан аввали ҳар моҳ нафақаашонро мегирифтанд: “Ин моҳ аз 1-ум гфтанд, ки 5-ум биёед, баъд 10-ум гуфтанд, баъд 15-ум гуфтанд, вале то ҳол нафақаро надода истодаанд”.
Ҷурабек Ақназаров, масъули раёсати нафақаи Бонки давлатии Амонатбонк дар шарҳи ин қазия ба “Озодагон” гуфт, нафақа аз ҷониби Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, ки то ҳол сурат нагирифта буд: “Пештар мо пешпардохт мекардему баъдан аз Агентӣ мегирифтем. Аммо феълан Агентӣ қудрати онро дорад, ки саривақт маблағгузорӣ кунад ва бинобар ин мо аз пешпардохт худдорӣ кардем”.
Дар пайи ин суҳбатҳо ва эътирози нафақахӯрон масъулини “Амонатбонк” соати 11:00 эълон карданд, ки аллакай маблағи нафақа аз ҷониби Оҷонсии суғуртаи иҷтимоию нафақа гузаронда шуда, пардохти маблағ ба нафақахӯрон баъди ним соат оғоз хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои масъулин теъдоди нафақахӯрон дар шаҳри Душанбе беш аз 49 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.