Муҳлати сабти довталабон то 30 апрел тамдид шуд
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати сабти номи довталабон хабар дод.
Тавре сухангӯи ин ниҳод Ситорабону Назарова ба “Озодагон” иттилоъ дод, муҳлати сабти номи довталабон то 15 рӯзи дигар, аз 16 то 30 апрел тамдид карда шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ муҳлати иловагӣ бо сабаби зиёд шудани хоҳишмандон аз ҳисоби довталабоне, ки то ҳол худро ба қайд нагирифтаанд дода шудааст.
Ситорабону Назарова афзуд, ки “дар муҳлати иловагӣ инчунин азнавбақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсияшон доранд, аз 16 уми апрел оғоз гардида, то 30 юми апрел идома меёбад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он аз қайд гузаштаанд, ҳозир шаванд”.
Ба иттилои манбаъ Маркази миллии тестӣ то 15 апрел зиёда аз 61 ҳазор довталабро сабти ном кардааст.