ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел ва изҳороти эътирозгарон
Як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 15-уми апрел дар баробари сафорати Олмон дар Душанбе гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд, бо пахши як изҳорот тақозо кардаанд, ки Ҳукумати Олмон барои иҷоза додани баргузории эътироз дар Берлин ба гурӯҳҳои экстремистии “Ватандор”, “Гуруҳи 24” ва “Тоҷикистони нав” аз мардуми Тоҷикистон узр пурсад.
Ин гуруҳ, ки дар баробари сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон даст ба як эътирози кӯтоҳмуддат зада будаанд ва мушаххас нашуд, ки чӣ мехостанд, як изҳоротеро бо номи “Изҳороти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафоратхонаи Олмон” дар сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” соати 21.26 шаби 15 ба 16 апрел нашр кардаанд. Дар матни изҳорот омадааст, ки он аз номи 500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки 15.04.2015 дар назди сафорати Олмон воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, вале аз ному насаби муаллифон ва ё ҳамон 500 нафар ишорае нест.
Зикри 500 нафар дар ҳолест, ки худи сафорати Олмон ва шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо “Озодагон” теъдоди эътирозгарони рӯзи 15-уми апрелро ҳудуди 15-20 нафар гуфта буданд.
Дар ҳамин ҳол дар матни изҳорот 4 талаби асосӣ пеш гузошта шудааст. Муаалифони изҳорот талаб кардаанд, ки Ҳукумати Олмон барои иҷоза додани митинг ба Шарофиддин Гадоев ва Додоҷон Атовуллоев ва дигарон дар Берлин аз мардуми Тоҷикистон узр пурсад ва бо ин ки Олмон мисли Тоҷикистон узви пулиси байналмилалӣ интерпол мебошад, ин нафаронро дастгир кардаву бо роҳҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон супорад.
Ҳамчунин дар ин изҳорот талаб шудааст, ки “зарари моддӣ ва маънавие, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст аз ҷониби чинояткорони дар кофтукови байналмиллалӣ қарордоштаи «Гурӯҳӣ-24», ки айни замон дар Олмон паноҳ бурда истодаанд,талаб менамоем, ки пурра барқарор карда шаванд”.
Талаботи 4-уми муаллифони изҳорот зоҳиран нокомил баён шудааст ва мушаххас нест, ки онҳо чӣ мехостаанд.
Бояд гуфт, ки рузи 14 апрел як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, роҳбарони баъзе гуруҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон аз қабили “Ватандор”, “Гуруҳи 24”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ доир намуда, хостори истеъфои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва озодии маҳбусони сиёосиву хатми шиканҷаву дигар маҳдудсозиҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз назари муътаризон шуданд. ВИДЕОИ ГИРДИҲАМОИИ 15-УМИ АПРЕЛ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ОЛМОН ДАР ДУШАНБЕ