17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)
Гирдиҳамоӣ, ки бо дархости як гуруҳи сокинони Душанбе бояд имрӯз, 17-уми апрел аз соати 8:00 дар назди бинои сафорати Олмон дар Тоҷикистон баргузор мешуд, доир нагардид.
Тавре хабарнигори "Озодагон" соати 8:00 аз пеши сафорати Олмон дар Тоҷикистон хабар дод, касе барои гирдиҳамоӣ назди бинои сафорат ҳозир нашудааст: "Ҳама ҷо хомӯшист. Мардум ба корашон машғуланд. Ягон намояндаи пулис низ дар назди сафорат нест. Фақат чанд рӯзноманигор барои инъикоси вазъ ҳозир шудаанд, дигар касе нест".
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми апрел як гуруҳи сокинони Душанбе, ки теъдодашонро ҳудуди 200 нафар гуфтанд, бо як муроҷиатномаи кушод аз раиси пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост кардаанд, ки барояшон иҷоза бидиҳад, то рӯзи ҷумъа 17-уми апрел аз соати 08:00 то 11:00 дар назди бинои сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон гирдиҳамоӣ барпо кунанд.
Дар муроҷиатнома ба Убайдуллоев, аз ҷумла Исматов Нурулло Шарипович, соли таваллуд1974, зода ва сокинишаҳри Душанбе, кучаи Фирдавси, бинои 5/13, ҳуҷраи 45, Каримов Наврӯз Исматович, 1986 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Нахимова, бинои 64/1, ҳуҷраи 23, Ҷамолов Ҳубайб Назарович, 1977 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Рудакӣ, бинои 36, ҳуҷраи 26, Ибодова Шарофат Раҳимовна, 1964 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Борбад, бинои 13/2, ҳ-14, Самиева Шаҳноза Каримовна, 1972 с\т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев, бинои 67, х-20, Қурбонова Мақсуда Аъзамовна, 1971с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Махсум, бинои 74, ва Гадоева Зарина 1969 с/т, ист.ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев , б-18/9, х-30 имзо гузоштаанд. Аммо аз шаҳрдории Душанбе дар суҳбат бо "Озодагон" дарёфти муроҷиатномаро барои гирдиҳамоӣ тасдиқ накарданд.
Ин сокинони Душанбе дар муроҷиатномаи кушодашон ба Убайдуллоев навиштаанд, ки мехоҳанд ба гирдиҳамоии эътирозии баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамойии ҷавобӣ барпо намоянд: “Мехоҳем, эътирозамонро ба воситаи сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Душанбе ҷаноби Ҳолгер Грен ба Ҳукумати Олмон расонем”.
Муаллифони мактуб зимни дархости иҷозаи баргузории эътироз навиштаанд, ки аз вазъи баамаломада дар кишварҳои Шарқи наздик ва Афғонистон бисёр дар ташвиш шуда, мехоҳанд дар баробари ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳарфашонро бигӯянд.
Имзогузорони мактуби дархостӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, ки худро 200 нафар гуфтаанд ва қисме аз онҳо ному насаб ва суроғаҳои иқомати худро зикр кардаанд Додоҷон Атовуллоев, роҳбари созмони “Ватандор” ва Шарофиддин Гадоев роҳбари тозаинтихоби “Гуруҳи 24”-ро аз ҷумлаи саркардагони гуруҳҳое донистаанд, ки шаҳвандони Тоҷикистонро ба гуруҳҳои ҷангии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ шомил мекардаанд.
“Саркардагони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз қабили Додоҷон Атовуллоев,Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳамроҳонашон, ки бароидар қаламрави Тоҷикистон содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар кофтуковӣ расмӣ қарор доранд, аз ҷониби давлати тараққикардаи дунё Олмон дастгирӣ ёфта истодаанд”- омадааст дар мактуб.
Ин сокинони Душанбе бо интиқод аз давлати Олмон барои иҷоза додан ба баргузории эътироз дар Берлин навиштаанд, ки “агар давлати тараққикардаи дунё чун Олмон ҷинояткорони дар кофтукови расмӣ ба воситаи Интерпол қарордоштаро имконият диҳанд, ки дар қаламрави давлаташон озодона гашту гузор ва даст ба гирдиҳамоӣ зананд пас дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки имрӯзҳо худро чун «Давлати исломӣ» эълон кардаву даст ба куштору ғоратгарӣ зада истодаанд чӣ гуфтан мумкин аст?”
Муаалифони мактуб гуфтаанд, ки Душанбе таҷрибаи талхи ҷангу хунрезиро дар солҳои 90-уми асри гузашта пушти сар кард ва мо намехоҳем ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик он рузҳои мудҳиш баргардад.
Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми апрел ҳудуди то 20 нафар дар баробари бинои сафоратхонаи Олмон дар Душанбе як гирдиҳамоӣ барпо карданд, вале бидуни ин ки дархости худро ба сафири Олмон бирасонанд аз ҷониби пулис пароканда шуданд.
ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел дар назди сафорати Олмон дар Душанбе: