“Муҳофиза”: Камераҳоро ба ҷои муҳофизон раисон назорат мекунанд...
Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бархе аз корхонаҳои кишвар, камераҳои назоратиро, ки бо амри раисиҷумҳур насб шудаанд, ба ҷои муҳофизон раисон назорат мекунанд.
Ин ниҳод, ки масъулияти иҷрои амри раисиҷумҳур дар мавриди насби дурбинҳои назоратиро дар корхонаю вазоратҳои кишвар ба уҳда дорад, изҳор медорад, ки ҳадафи насби камераҳо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад: “Тибқи дастурамал мониторҳое, ки камераҳои назоратӣ бо онҳо пайваст шудаанд, бояд дар назди муҳофизони корхонаю ташкилотҳо бошанд, то дар сурати зарурӣ фавран аз содиршавии ҷиноят ҷилавгирӣ кунанд. Аммо дар бархе аз ниҳодҳо мониторҳо дар утоқи кории раисон насб шудаанд”.
Манбаъ аз ҷумла иттифоқи “Тоҷикматлубот”-ро ном бурд, ки камераҳои насбкардаи ин ниҳод пастсифат буда, монитори назоратӣ низ дар утоқи кории роҳбарияти он ҷой дода шудааст.
Дар маҷмуъ манбаъ афзуд, ки тайи се моҳи аввали соли равон ҳудуди 89 корхонаю ташкилотро барои нақзи амри раисиҷумҳур дар бораи насби камера ва дигар меъёрҳои амниятӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.