Таъкиди Убайдуллоев барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони пойтахт
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ҳайати Бонки имумиҷаҳониро таҳти раҳбарии Пйер Франческо Мантованӣ, масъули Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин вохурӣ рӯзи 14 апрел бо дархости ҳайати мазкур баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот корҳои то ба имрӯз анҷомгирифта дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавӣ мусбат арзёбӣ гардид. Ба иддаи масъулини ин лоиҳа, гӯиё насби ҳисобкунакҳои обӣ дар баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе боиси баланд шудани фишори об дар ошёнаҳои болоии шудааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кардааст, ки дар марҳилаи феълӣ тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри таъмини хизматрасонии дарозмуддати ҳисобкунакҳои обии насбшуда ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона карда шаванд: “Барои ин, дар доираи маблағҳои лоиҳавӣ ҷиҳати роҳнаёбии регмайдаҳои таҳшинӣ ба шоҳқубурҳои интиқоли об, масъалаи шинонидани обполакҳои пуриқтидор дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ва беҳдошти ҳолати шабакаҳои корезию пойгоҳи обтозакунии корезии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ матраҳ карда шавад”.
Пйер Франческо Мантованӣ низ дар навбати худ пешниҳодҳои шаҳрдори Душанберо қабул карда, ваъда додааст, то 9 моҳи оянда бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда кулли нишондиҳандаҳои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе тадбиқ ва барномаи фаъолияти муштараки ҷонибҳо тарҳрезию мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.