АКС: Ҷоизаи “Фараж”, “Ҷаҳоннамо” ва “Озодагон” дар сабқати 11 даста
Мусобиқаи кушод оид ба волейбол миёни идораҳои ВАО ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», имрӯз, 14-уми апрел бо ғолибияти дастаи “Фараж+Чашма” анҷом ёфт.
Дастаи “Ҷаҳоннамо”, ки дар даври ниҳоӣ бо ҳисоби 3:0 аз дастаи “Фараж+Чашма” шикаст хӯрд, соҳиби ҷойи дуюм ва тими “Озодагон” бо сабаби ба қувваозмоӣ ҳозир нашудани дастаи “Тоҷикистон” сазовори ҷойи сеюм эълон шуд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо иштироки Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, Баҳром Ишратов, сармутахассиси ҳамин раёсат ва Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” баргузор шуда, ба ғолибони мусобиқа медалу ифтихорномаҳо супорида шуд.
Ин мусобиқа аз 10 апрел оғоз шуда, дар он 11 даста - “Ҷавонони Тоҷикистон”, Радиои Тоҷикистон, “Халқ овозӣ”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина” , “Ховар”, “Фараж+Чашма”, “Тоҷикистон”, “Озодагон”, “СМТ”, “Чархи гардун” байни ҳам рақобат карданд.