Сохтакорӣ: Дузд худи соҳибхонаи хуншору даступобаста будааст...
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе як ҳолати дуздии ҷавоҳиротро дар кӯчаи Крупскии шаҳри Душанбе ошкор кардаанд, ки онро худи соҳибхона тариқи сохтакорӣ содир намудааст.
Тавре аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки Исломов Дилшод, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи кучаи Крупскии шаҳри Душанбе 8-уми марти соли 2015 ороишоти тиллоии модару хоҳарашро дуздида, ба ломбард супорида, маблағ ба даст овардааст: “Ӯ ба хотири ошкор нагардидани ҷинояти содирнамудааш тамоми ҷавоҳироти боқимондаи хонаи худ ва хонаи амакашро дуздида, пинҳон месозад. Баъдан ҷиҳози хонаро ҳар ҷо парешон партофта, дасту пойи хешро баста, пешониашро бо алмос бурида хуншор месозад. Сипас аҳли хонаводаро фарёд мезанад, ки гӯиё нафари номаълум бо ниқоб ба хонаашон даромада, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, дасту пояшро бастааст ва ашёи қиматбаҳои хонаро ба яғмо бурдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи тафтишот маъмурини пулиси ноҳияи Фирдавсӣ гумонбари асосиро пайдо намуданд ва ҷавоҳироти дуздидашударо аз ӯ мусодира карданд: “Айни замон нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.