16 шаҳрванди Тоҷикистон Яманро аз роҳи заминӣ тарк карданд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз интиқоли 16 шаҳрванди дигари кишвар аз қаламрави ҷумҳурии арабии дар ҳоли ҳозир ноороми Яман ба макони бехавф хабар додааст.
Абулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии кишвар рӯзи 13 апрел дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳи заминӣ марзи Яманро ба қасди Умон тарк кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, онҳо бо кӯмаки масъулини сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Халиҷ шоми имрӯз 13 апрел вориди Аморати Муттаҳидаи Араб шаванд.
Атоев афзуд, ки қарор аст, фардо ҳудуди 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз қаламрави Яман берун карда шавад. Вале ба қавли Атоев дар ин миён тоҷикони муқими Яман низ ҳастанд, ки намехоҳанд, қаламрави ин кишвари арабии дар ҳоли ҳозир нооромро тарк кунанд. Қаблан низ сафорати Тоҷикистон дар Қатар аз берун овардани 29 шаҳрванди кишвар тавассути ду ҳавопаймои русӣ аз Яман хабар дода буд.
Интиқоли ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба макони бехавф дар ҳолест, ки рӯзи 7 апрели соли равон 15 тоҷики муқими Яман - 7 мард, 3 зан ва 5 кӯдак, ки дар қаламрави ин ҷумҳурии арабии дар ҳоли ҳозир ноором қарор доштанд, бо ирсоли як нома ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз банд мондани худ дар минтақаи дурдасте хабар дода, гуфтанд, азбаски онҳо берун аз шаҳри Санъо қарор доранд, намояндагиҳои дипломатии Русия аз интиқоли онҳо ба макони бехавф худдорӣ мекунанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта буданд, “агар тариқи ҳавопаймо ё киштӣ аз шаҳри Мукалла эвакуатсия нашавад, мо метавонем, дар минтақаи Махра ҷамъ шавем, ки бо мамлакати Умон ҳамсарҳад аст ва 3-соата роҳ то ҳудуди Умон мебошад. Лекин дар Умон мо сафорат ё консулгарӣ надорем ва ба ин кишвар даромада наметавонем. Мо медонем, ки ин кори осон нест ва аз сафоратҳое, ки дар давлатҳои Халиҷанд хоҳиш мекунем, агар кӯмак карда тавонанд, ёрӣ бидиҳанд”.
Баъд аз шурӯи нооромиҳо дар Яман то ҳол 106 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доштанд, тавассути тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия берун оварда шуданд. Як қисмати онҳо аллакай ба Ватан расиданд.