Қарори Остона барои кумаки тоҷикони зарардида аз офати табиӣ
Қазоқистон дар робита ба шароити номусоидии иқлимӣ ва табии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мефиристад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қазоқистон, қарори ирсоли ин кӯмак ба Тоҷикистон ҳанӯз 2 апрели соли равон қабул шуда, он иборат аз орду равған ва хаймаву қубурҳои оҳанин мебошад.
Манбаъ мегӯяд, бар асоси ин қарор 407 тон орд ба Тоҷикистон фиристода мешавад, ки 380 тонаи он орди навъи якум аст. Инчунин 345 ҳазору 715 дона қутии консерваи гӯштӣ, 84 ҳазор литр равғани растанӣ, 230 тон равғани маска, 349,9 тон гречка, 48,49 тон шакар, 40 дона хайма ва 60 тон қубури оҳанин ирсол хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Қазоқистон афзудааст, ки Вазорати сармоягузорӣ ва рушди ин кишвар барои интиқол ва расонидани ин кӯмак ба намояндагони расмии Тоҷикистон вазифадор шудааст.