Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бердимуҳаммадов дар Корея
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба Корея бо ҳамтои туркманаш – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар хабар медиҳад, ин вохурӣ рӯзи 12 апрел дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгу баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон дар ин дидори худ масоили вобаста ба ҳамкории ду кишварро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ равона шудааст.
Инчунин ба зарурати тезондани ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва татбиқи ҳамаи санадҳои миёни ду кишвар имзошуда таъкид гардида, масоили марбут ба таҳкими ҳамгироӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир низ яке аз мавзуъҳои меҳвари мулоқот будааст.