Президент дар Корея: Аз мулоқот бо хонум Хин Хе то баҳси об
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Корея қарор дорад, бо хонум Пак Хин Хе, президенти Корея ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Кореяро ифтитоҳ мекунад.
Манбаъ мегӯяд, имрӯз, 11-уми март аллакай Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тегуи Корея бо Ким Кван-йон, губернатори музофоти Гёнсангбук-дои ин кишвар мулоқот намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкорӣ бо минтақаҳои Корея, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд: “Ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг дорои дурнамои хуб номида шудааст”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки дар Корея баргузор мешавад, ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.