Эмомалӣ Раҳмон дар Корея бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, бегоҳии имрӯз, 10 апрел барои анҷоми сафари расмӣ ва ширкат дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея рафтааст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар форуми 7-уми ҷаҳонии об Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба Корея сафар намуд ва бино ба иттилои дафтари матбуотияш қарор аст дар ҷараёни он бо хонум Пак Хин Хе, президенти ин кишвар, Чун Ой Хуа, раиси парлумон ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар мулоқот намояд.
Манбаъ мегӯяд, дар шаҳри Сеул бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Корея ифтитоҳ меёбад: “Ин амал бозгӯй аз оғози марҳилаи сифатан нави муносиботи Тоҷикистону Корея хоҳад буд”.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Корея таҳсил мекунанд, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.