Табодули таҷриба миёни деҳқонони Суғд ва Хатлон
Барномаи USAID “Робитаи ҷомеаҳо” ҳамасола аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои бозомӯзӣ мутахассисони соҳаҳои гуногунро ба Амрико мебарад. Тирамоҳи соли 2014 даҳ нафар кишоварзон аз вилояти Хатлон барои баланд бардоштани сифати корашон дар иёлати Калифорнияи Амрико буданд.
Дар шаҳри Кӯрғонтеппа семинари омӯзишии ду рӯза, санаи 9 ва 10-уми апрел, бо ширкати намояндагони USAID дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ доир гардид, ки дар он деҳқонон ва хатмкунандагони барномаи «Робитаи ҷомеаҳо» дар бораи рушди соҳаи кишоварӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва тарзи дурусти истифодаи доруҳои минералӣ дар заминро мавриди баҳс қарор доданд.
Шавкатҷон Ҷӯраев, машваратчии соҳаи кишоварзӣ аз вилояти Суғд ва хатмкардаи барномаи “Робитаи ҷомеаҳо”, дар ин семинар дар бораи рушди кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ ба деҳқонони вилояти Хатлон машварат дода, тарзи дуруст хушк кардани мева, аз ҷумла зардолу, чӣ гуна сохтани гармхона, сардхона, дуруст додани нӯриҳои минералиро низ омӯзонид.
Шавкатҷон Ҷӯраев ба унвони мисол мегӯяд, ки агар дар тамоми манотиқи кишвар агромағозаҳо фаъолият кунанд, он гоҳ деҳқонон метавонанд ҳам соҳиби тухмии босифат шаванд ва ҳам аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. “Вақте агромағозаҳо ташкил мешаванд, тухмиву дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо сертификат ба фуруш бароварда мешаванд. Деҳқон тухмиро аз агромағоза харида, дар сурати ҳосили хуб нагирифтанаш ва ё вайрон баромадани тухмӣ метавонад қонунӣ аз ҳаққи худ дифоъ кунад”, -гуфт Шавкатҷон Ҷӯраев.
Ба қавли иштирокчиёни ин семинар дар Амрико марказҳои ахборотӣ, агромағозаҳо, мағозаҳои ветеренарӣ, Ассосиятсияҳои обтаъминкунӣ хеле фаъол буда, бо кӯмаки онҳо деҳқонон фоидаи бештар ба даст меоранд.
Ҳамчунин деҳқонони тоҷик мегӯянд, ки деҳқонҳои Амрико ба фарқ аз онҳо имтиёзҳои бештар дошта, технологияи корияшон хеле баланд аст. Ба қавли онҳо дар Амрико қариб тамоми корро техника анҷом медиҳад.
Махфират Саидраҳмонова, сардори хоҷагии деҳқонии “Идибек” ва “Субҳи сайёд” аз ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки ҳудуди 11 сол мешавад, ки хоҷагии деҳқонӣ дорад. Дар 8 гектар замин пахта, мева ва сабзавот мепарварад. "Мо мушкилоти зиёде дорем. Пеш аз ҳама аз техника танқисӣ мекашем. Баъдан, андозу арзиши хизматрасонӣ барои об низ хело гарон аст. Мо ҳар сол пули обро мепардозем, аммо аз об ҳамеша танқисӣ мекашем. Вақте муроҷиат мекунем, масъулон камбудии обро ба табиат бастагӣ медиҳанд. Пулро мегиранд, аммо масъулияташро бар душ намегиранд. Ҳамчунин мо дар давоми сол қариб 5 моҳ деҳқононро кор намефармонем, аммо андоз барои тамоми сол мепардозем, ки хело мушкил аст. Ё фоизҳои қарзи бонкҳо хело гарон аст. Вақте фаҳмидам, ки дар Амрико ба деҳқон ҳам давлат, ва ҳам бонкҳо қарзи бефоиз медиҳанд ва болои ин агар деҳқон зарар бинад, он қарзро гузашт мекунанд, дар ҳайрат мондам", - мегӯяд хонум Махфират.
Ба қавли Махфират Саидраҳмонова агар ҳукумат ҳадди ақал барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон моҳҳое, ки кор намекунанд, онҳоро аз андоз озод кунад, корашон хело хуб мешуд. Ба гуфтаи ин зан дар 800 ҳазор гектар замини деҳқони амрикоӣ ҳамагӣ 10 нафар саҳмдор аст, аммо вай 8 гектар замин ва 16 нафар саҳмдор дорад.
Тавре дар ин семинари омӯзишӣ гуфта шуд, дар аксари кишварҳо пеш аз пошидани доруҳои кимёвӣ ба замин, таркиби хокро месанҷиданд ва баъдан ба кор шурӯъ мекуннад, аммо ҳоло дар Тоҷикистон ин чиз хело кам дида мешавад. Ҳамчунин ҳангоми фурӯши тухмӣ дар Тоҷикистон мавридҳои фиреб додани деҳқонон низ зиёд ба назар мерасад, ки бо ин далел пешниҳод гардид, ки мағозаҳои махсус барои фурӯши тухмиҳои босифат ташкил карда шаванд.
Дар рӯзи дуввуми семинар иштирокчиён аз гармхонаҳо, сардхонаҳо ва заминҳои деҳқонони Хатлонӣ дидан карда, барои ҳосили хуб ва фоидаи бештар ба даст овардан табодули назар намуда, ба якдигар маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд.