Ташаккури сафири тоҷик ба раҳбарияти Вазорати хориҷаи Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, қарор аст, имшаб боз як ҳавопаймои дигари Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаҳрвандони хориҷиро бо шумули тоҷикон аз Яман берун кунад.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, бино ба маълумоти онҳо, ҳавопаймо соатҳои наздик ба Яман парвоз карда, наздикиҳои субҳи 11 апрел дубора ба Маскав фуруд меояд. Аммо ҳоло дақиқ нест, ин навбат чанд ҳамватани мо хоки ин давлати арабиро тарк мекунад.
Ӯ афзуд, “мо талош мекунем, ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия шаҳрвандони боқимондаи кишвари моро аз Яман берун кунад”. Ба қавли оқои Эгамзод, дар ҳоли ҳозир ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Яман, ки аз худ дарак додаанд, тавассути ҳавопаймоҳои ВҲФ-и Русия аз маҳалли низоъ берун оварда шудаанд ва ин раванд идома дорад: “Дар робита имрӯз Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни як тамоси телефонӣ ба раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори ташаккур кард”.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи маҳалли буду боши ҳамватанонамон иттилоъ доранд, даъват мекунад, ба ситоди Сафорат бо рақамҳои +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02. Тамос бигирад. Факс: +7 (495) 691-89-98, e-mail: info@tajembassy.ru