Парвандаи ҷиноӣ барои таҳияи билетҳои қалбакии “Лото-Спорт”
Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд як сокини 43-солаи шаҳри Исфараро дар таҳияи лотереяҳои қалбакии “Лото-Спорт” муттаҳам медонанд.
Акбар Шарифов, раҳбари дафтари матбуотии ин ниҳод мегӯяд, чанде қабл раҳбарияти ширкати “Лото-Спорт” ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо ариза муроҷиат намуда, гуфтаанд, дар муомилот лотереяҳои қалбакии ин ширкат пайдо шудааст.
“Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 43-солаи шаҳри Исфара А.С. боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 47 дона лотереяҳои сохтаи “Лото-Спорт” дарёфт ва мусодира шуд”,- афзуд Акбар Шарифов.
Бино ба иттилои манбаъ, ташхис нишон додааст, ки ин лотереяҳо бо истифода аз техникаи компутерӣ таҳия шудаанд: “Феълан аз рўи ин далел тибқи моддаи 340-и КҶ ҶТ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.