Кашфи 15 кило ҳашиш дар дохили «КАМАЗ»
Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе миқдори зиёди маводи нашъадор ёфт шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт шаҳрванд Саъдулло Ҷангиеви 49 сола, сокини ноҳияи Ванҷ, ки айни замон бекор аст, боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда, муайян карда шуд, ки 15 килою 10 грамм, маводи нашъадори «ҳашиш»-ро аз ноҳияи Ванҷ ба шаҳри Душанбе бо автомашинаи тамғаи «Камаз», рақами давлатияш АК 12-56 РТ 03, интиқол дода ба пешдастгиршуда Саидасанова Қобиламоҳи 46 сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ, барои фурӯхтан додааст. Ба иттилои манбаъ Саъдулло Ҷангиеви 49 сола, доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 228-и кодекси ҷиноии федерасияи Русия аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}