Зайд Саидов айбҳои навашро "афсонаю туҳмат" хонд
Мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик баъди ду моҳи таъхир ва иваз шудани се раисикунанда, рӯзи 9-уми апрел дар “СИЗО”-и Душанбе, таҳти раисии Савриддин Тошев аз сар гирифта шуд.
Наздикони Зайд Саидов ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки худи Зайд Саидов дар мурофиаи 9 апрел баъди шунидани баромади айбдоркунандаи давлатӣ, дар назди раисикунандаи нави мурофиа-Савриддин Тошев, ҳамаи иттиҳомотро алайҳи худ рад карда, онҳоро “афсонаю туҳмат” хондааст.
Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дода буд, ки раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов Алпомиш Акбаров ба беморӣ гирифтор шуда, ба ҷои ӯ додрас -- Мирзо Каримов минбаъд мурофиаҳои Саидовро пеш мебарад. Аммо баъдан Мирзо Саидов низ дар канор монда, раисии мурофиаҳои Зайд Саидов ба Савриддин Тошев вогузор шудааст. Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, иллати зуд-зуд иваз шудани додраси мурофиа барояшон маълум нест.
Қаблан низ дар пайи тағйирот дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва иваз шудани намояндагони Додситонии кулл дар мурофиаи Саидов баррасии парванда то 3 март мавқуф гузошта шуд. Аммо баъди 3 март низ дубора мурофиаҳои ин соҳибкори зиндонӣ ба таъхир уфтод.
Манобеи “Озодагон” ин ҳолатро ба ивазшавии додрас ва шикояти як шаҳрванди ветнамӣ аз Зайд Саидов гуфтанд. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов дар доираи парвандаҳои иқтисодияш аввалҳои моҳи феврали соли равон дар СИЗО оғоз гардида буд. Қабл аз ин Зайд Саидов бо ирсоли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон бо далели набудани сири махфӣ дар парвандаҳои иқтисодияш хост мурофияҳои ӯ дар бинои Суди олӣ бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад, ки дархосташ аз ҷониби дораси парванда рад карда шуд. Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст. Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саид мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.