Заҳролудшавии духтари хурдсол аз дасти модари ҷавон дар Турсунзода
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як духтарчаи яксола ба иллати заҳролудшавӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки сокини 24-солаи шаҳри Турсунзода, рӯзи 22-юми март аз беэҳтиётии худ ба хӯроки духтарчаи яксолааш маҳсулоти сиркоро омехта намудааст: “Дар натиҷа духтарча заҳролуд шуда, дар беморхона фавтидааст”.
Манбаъ афзуд, нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ давом дорад.