АКС: Бедарак шудани боз ду духтари 17-сола аз Душанбе ва атрофи он
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯяyд, ахиран аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ боз ду духтари 17 сола бедарак шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, Оминаи Муҳиддин, сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 3-юми апрел аз хонааш баромада, то ҳол барнагаштааст. Ба иттилои мақомот духтари дуюми 17-сола, ки ахиран гум шудааст, Шабнам Лоиқова, сокини 17-солаи шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин мақомот изҳор медоранд, ки Идрис Юсупов, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Ваҳдат низ ахиран аз хона баромада, бедарак шудааст. Вазорати умури дохилӣ аз тамоми шаҳрвандони кишвар, ки дар бораи бедаракшудагон иттилоъ доранд, хоҳиш намудааст, ки ба телефони боварии вазири умури дохилӣ-221 21 21 занг зананд. Омина
Шабнам
Идрис