Э. Раҳмон дар садри як ҳайат озими Корея шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ озими Корея шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Корея субҳи 10 апрел оғоз шудааст.
Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода - сарвазир ва Бахтиёр Худоёрзода - раиси Дастгоҳи президенти кишвар гусел кардаанд.
Матбуоти раёсатҷумҳур афзудааст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов - вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода - ёрдамчии Президент, Шералӣ Ганҷалзода- вазири нақлиёт, Неъматулло Ҳикматуллозода - вазири рушди иқтисод ва савдо, Нурмаҳмад Ахмедов - директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.