Муфтии Саудӣ: Ман нагуфтаам, гушти зан ҳалол аст
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ, муфтии Арабистони Саудӣ содир шудани фатвое аз ҷониби худ барои иҷозаи хӯрдани гушти занро рад кард.
Ин руҳонии рақами яки саудӣ мегӯяд, ҳаргиз фатвое барои ҳалол хондани гушти зан дар ҳолати гуруснагии шадид содир накардааст ва навиштаҳои баъзе аз расонаҳои хабарӣ дар ин бора асос надорад.
Абдулазиз ибни Абдуллоҳ рӯзи 9 апрел дар суҳбат бо хабаргузории Саудӣ гуфтааст, “Худованд инсонро новобаста аз ҷинс, яъне зан ё мард мукаррам гардонидааст ва ҳар ду як ҳукм доранд”.
Ахиран, бархе аз расонаҳои хабарӣ аз номи Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ фатвоеро нашр карданд, ки хурдани гушти занро дар ҳолати гуруснагии шадид барои шавҳар иҷоза медиҳад. Аммо шайх Абдулазиз нашри ин гуна фатвоҳо аз номи худро кори дасти афроде хондааст, ки мехоҳанд, миёни мардум фитна барангезанду мақоми инсон дар дини Исломро поин нишон диҳанд.