Набарди Ато Муҳаммади Нур бо Толибон дар Балх
Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балхи Афғонистон фармондеҳии амалиёти зидди ҳуҷуми Толибон дар ин минақаро ба душ гирифта, амалан вориди ҷанг шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои давлати исломӣ, гуруҳи мусалаҳ имрӯз, 9 апрел бо либоси урдуи миллии Афғонистон вориди бинои Додситон ва Додгоҳи олии вилояти Балх шуда, кормандони ин ниҳодҳоро ба гаравгон гирифтаанд.
Гуфта мешавад, масъулияти ин ҳамларо гуруҳи Толибон ба уҳда гирифта, гуфтааст, афроди таҳти фармони онҳо бинои додситон ва додгоҳро мавриди ҳамла қарор доданд.
Шоҳидон ба расонаҳо гуфтаанд, Ато Муҳаммади Нур дар ин амалиёт ширкат дорад ва аз замони шурӯи муноқиша то ҳол 30 нафар ҷон бохтаанд. Аз ҷумла, аз кушта шудани раиси пулис, сухангӯи фармондеҳии пулис ва раиси додситони вилояти Балх хабар мерасад.
Абдураззоқ Қодирӣ, масъули амнияти пулиси ин вилоят гуфтааст, неруҳои таҳти фармони Ато Муҳаммади Нур бинои таҳти ишғоли гуруҳи Толибонро муҳосира карда, муваффақ шуданд, гуруҳе аз кормандони додситониро озод кунанд.
Расонаҳо ҳоло аз асорати 10 нафар хабар дода мегӯянд, задухӯрдҳо идома доранд.