Боздошти хонандаи синфи 11 бо иттиҳоми дуздӣ дар Донишгоҳи миллӣ
Як ноболиғи 16-солаИ ноҳияи Ҳисор, ки дар Душанбе таҳсил мекардааст, бо иттиҳоми дуздӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин сокини ноҳияи Ҳисор рӯзи 4 апрели соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди таълимгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, “аз он ҷо 1-адад асбоби таълимии “Вайфай", 1-адад телефони шаҳрӣ, 1-адад фиттаи “хотираи қавӣ”, 2-адад баландгӯяк ва 1-адад флешкорт, ки арзиши умумиашон 10200 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол тафтишоти ин ҳодиса давом дорад.