Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар кишвар ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпӯшҳои сирф миллӣ истеҳсол шавад. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид, ОЁ ТОҶИКИСТОН ИМКОНИ ИСТЕҲСОЛИ ИН НАВЪИ ЛИБОСҲОРО ДОРАД? АГАР ҲА, ДАР КАДОМ ФАБРИКА?
Марям ДАВЛАТОВА, ҷомеашинос
Ин кори мушкиле нест, занони ҳунарманд дар ҳама ҷо ҳастанд, ҳатто бо роҳи хонакорӣ онҳоро ҷалб кардану ин масъаларо ҳал кардан мумкин аст. Суол дигар ҷост барои чӣ ва барои кӣ? Магар мо тамоми мардонро чунин либос пӯшонданием ё дресскоди рӯҳониёни Эронро ин ҷо ҷорӣ кардан мехоҳем? Мо баяд мушаххас кунем барои худ, ки дар кадом давлат зиндагӣ мекунем. Дар сатҳи давлат бардошта шудани масъалаи либоси занону мардон нишондиҳандаи ҳанӯз номушаххас будани ин савол аст.
Шариф МУЛЛОЕВ, устоди донишгоҳ
Савол хело ба маврид аст, вале оё фабрикаҳои тоҷик қудрат ва ашёи лозим барои истеҳсоли ин навъи либосҳоро доранд ё не ин муҳим аст. Ба фикри ман шояд фабрикаҳои хусусӣ аз уҳдаи иҷрои дӯхтани ин либосҳо бароянд. Вале аниқтар гӯям шояд фабрикаи “Ёқут-2000” аз иҷрои ин кор барояд. Либоси миллӣ чизи хуб аст, барои ҳамин дӯхтани ҷелаку сарпӯши тоҷикӣ бамаврид аст. Гумон мекунам, ин гуна либосҳои миллӣ писанди ҳамагон мешавад. Шояд....
Зеваршоҳ МУҲАММАД, хабарнигор
Ҳоло дар мавриди тавлиди ин навъи либоси миллӣ мушкил нест, танҳо як намуна ва Хитой даҳҳо ҳазор дона равон мекунад. Суоли дигар ин аст, ки оё мардум ба ин навъи либос зарурат доранд ё на. Ва ё иҷборан ба мардум мепӯшонанд?