FIFA: Тоҷикистон мавқеашро ду зина аз даст дод
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабанди нави Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) мақоми 143-ро муаррифӣ мекунад. Дар рейтинги қаблӣ дар ҷои 141 буд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шарҳи ин раддабандӣ гуфтааст, дастаи таҳти роҳбарии Муҳсин Муҳамадиев дар ин моҳ 175 хол ба даст овард, ки нисбат ба моҳи гузашта 17 имтиёз камтар мебошад. Миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё ҳам Тоҷикистон ду зина поинтар рафта, акунун дар мақоми 22-юм қарор дорад. Бояд гуфт, дар моҳи гузашта Тоҷикистон ду бозии рафиқона анҷом дода дар ҳардуяш ноком шуд. Аз Молдив бо ҳисоби 2:0 ва аз Сурия бо натиҷаи 3:2 шикаст хӯрд.
Дар раддабандии тозаи FIFA мақоми аввалро қаҳрамони феълии ҷаҳон -- Олмон гирифтааст ва дар даҳгони беҳтарин Аргентина, Белгия, Колумбия, Бразилия, Ҳолланд, Португалия, Уругвай шомиланд.
Аз ҳама ҷаҳиши бузургро дар ин раддабандӣ дастаи мунтахаби Бутан соҳиб будааст, ки 46 зина боло рафта, дар мақоми 163-юм қарор гирифтааст.
Рейтинги навбатии FIFA 7 май нашр мешавад.