Ба Ҷавҳар Тсарнаев: Ё ҳукми қатл ё ҳабси абад
Ҷавҳар Тсарнаевро дар таркиши Бостони Амрико гунаҳкор донистанд, вале ҳанӯз ҳукми ниҳоии додгоҳӣ содир нашудааст. Расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ба Тсарнаев ё ҳукми қатл ва ё ҳабси абад таҳдид мекунад.
Рӯзномаи Boston Globe иттилоъ додааст, ки Ҷавҳар бо тамоми 30 банди фикри айбдоркунӣ гунаҳкор дониста мешавад, ки аз рӯйи 17 банд ҷазои ҳукми қатл пешбинӣ мешавад. Аммо Тсарнаев дар ин ҳодиса худро гунаҳкор надонистааст. Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳам дар таркиши марафони Бостони Амрико дар апрели 2013 шаҳрванди чечентабори Русия дар куштори 3 нафар ва захмӣ кардани 264 кас муттаҳам мешавад. Бино ба хабарҳо, ӯ ва бародараш Темирлан Тсарнаев дар ҷараёни марафон бомбаи дастисохтро мунфаҷир кардаанд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошт аз тири як корманди пулис ба ҳалокат расида буд.
Дар ҷаласаи додгоҳӣ муовини додситон Элок Чакраварти гуфтааст, айбдоршаванда таркишро бо мақсади тарсондани Амрико анҷом додааст. Ба гуфтаи ин додситон амали бародарон Тсарнаевҳо қасос барои марги мусалмонҳо дар замони муҳорибаҳои низомӣ будааст ва “онҳо худро сарбоз тасаввур мекардаанд”. Чакраварти гуфтааст, бародарон ҳарду гунаҳкоранд ва аввалӣ як бомб ва дигарӣ бомби дувумиро гузоштаанд.
Вакили мудофеъ гуфтааст, Ҷавҳар бо ин ки як ноболиғ буд, зери таъсири равонии ҳисиёти ифротгароёнаи бародараш қарор гирифтааст. Вакил Джуди Клорк гуфтааст, агар Темирлан намебуд, ин таркиш ҳам рух намедод. Расонаҳо навиштаанд, ҳимоятгар барои он ҳузури Ҷавҳарро дар таркиш иқрор кардааст, ки зерҳимояаш ҳукуми қатл нагирад ва ба ҳабси абад маҳкум шавад. Зеро додситон талош дорад, ки ҳукми қатл татбиқ шавад.