FLTA 2016–2017. Озмун барои омӯзгорони забони англисӣ
Сафорати ИМА дар Душанбе аз оғози озмун барои омӯзгорони забони аглисӣ – “FLTA 2016–2017” хабар медиҳад.
Тавре аз ин сафорат ба “Озодагон” иттилоъ доданд, барномаи FLTA аз ҷониби Ҳукумати ИМА ва Шӯро оид ба маориф ва фарҳанг маблағгузорӣ шуда, нуҳ моҳ идома хоҳад кард. Ҳадафи он, такмил додани сифати омӯзондани забони тоҷикӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои ИМА гуфта мешавад: “Инчунин, барнома омӯзгорони ҳозира ва ояндаи забони англисиро имконияти инкишоф додани маҳорати омӯзгорӣ, такмили дониши забони англисӣ ва сайқал додани дониш марбут ба ҷамъият ва фарҳанги Амрико фароҳам меоварад”.
Манбаъ мегӯяд, иштирокчиёни озмуни барномаи FLTA бояд дар давоми як ҳафта барои гузаронидани бист соат таълим додани забон мусоидат намуда, ҳадди ақал бояд дар як семестр ду маротиба дар курсҳои академикӣ ширкат варзанд, ки яке аз чунин курсҳо ба омӯзиши Амрикошиносӣ равона шудааст: “Дар баробари ин, иштирокчиёни озмуни барномаи FLTA бояд чорабиниҳои фарҳангӣ, клубҳои забоншиносӣ ва муҳокимарониҳо марбут ба забонро пешбарӣ намоянд. Иштирокчиёни барномаи мазкур бо таълими ройгон, идрорпулӣ, суғуртаи тиббӣ ва хароҷоти роҳкиро таъмин мегарданд”.