Ҳамлаи рахнагарони ДИИШ ба сомонаи сафорати Туркманистон
Сомонаи расмии сафорати Туркманистон дар Беларусия мавриди ҳамлаи рахнагарони интернетӣ (ҳакер) қарор гирифтааст.
Ба иттилои хабаргузории “Хартыя97”-и Беларусия, сомонаи расмии сафорати Туркманистон аз сӯи рахнагарони интернетии созмони террористии маъруф ба ДИИШ ҳамла шудааст.
Ҳангоми ворид шудан ба ин сомона рӯи саҳифа акси яке аз ҷангҷӯёни ДИИШ, ки дар даст силоҳ дорад, дида мешуд ва ҳамлагар низ аз худ ба унвони Абдуллоҳ ал-Мағрибӣ ном бурдааст.
Дар ҳоли ҳозир сомонаи расмии сафорати Туркманистон боз намешавад.