Каримови 77-сола барои 5 соли дигар савганд ёд мекунад
Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, ки дар интихоботи 29 март бори дигар барандаи интихоботи президентии кишвараш эълон шуд, рӯзи 10 апрел савганд ёд мекунад. Дар ин бора расонаҳои хабарии Узбакистон иттилоъ додаанд.
Масъулини Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон дар пайи натиҷаи ниҳоии интихоботи охири президентии ин кишвар гуфтанд, Каримови 77-сола дар интихобот 90,39 дарсади раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудааст. Ба иттилои ин комиссия, дар интихоботи президентии рӯзи 29 марти Узбакистон 91 дарсади раъйдиҳандаҳо иштирок кардаанд. Ислом Каримов, ки 30-юми январи соли равон ба синни 77 расид, аз соли 1989 курсии раҳбарии Узбакистонро дар даст дошта, инак барои бори чаҳорум ба курсии раҳбарии кишвараш нишаст.
Ин дар ҳолест, ки Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки барои назорати интихоботи президентӣ вориди Узбакистон шудаанд, рӯзи 20 март бо баргузории як нишасти хабарӣ гузориши муқаддамотии худро нашр карда, гуфтанд, иштироки Ислом Каримов дар ин интихобот ғайриқонунӣ аст.
Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.