Ҳалокати ду нафар дар садамаҳои нақлиётии рӯзи 8 апрел
Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) мегӯяд, дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯзи ахир, ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи чоршанбеи 8 апрел як зани 43-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ, идораи сабукрави “Киа-Гадензе”-ро аз даст дода, ду нафарро зер мекунад. Манбаъ мегӯяд, пиёдагарди аввал марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷабрдидаи дуюм, ки 30 сол дошта, солаи шаҳри Турсунзода будааст, ҳоло дар беморхона бистарист.
БДА меафзояд, дар ин рӯз як садамаи нақлиётии маргбори дигар низ сар задааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас”, марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронандаи 26-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Дамас” - духтарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дида, дар беморхона ба ҳалокат мерасад".