Истифода аз Facebook барои ирсоли қарори талоқ
Додгоҳе дар “New York”-и Амрико ба зане, ки аз ёфтани суроғаи шавҳари худ ноумед шуда буд, иҷоза додааст, аз тариқи Facebook қарори талоқро ба маълумоти шавҳараш бирасонад.
Ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, Матию Купер, раиси додгоҳи Манхеттен ба Елнура Бойду, ҳамшираи шафқати сокини Броклини Ню-Йорк, ки наметавонист ҳеч нишонае аз ҳамсараш биёбад, иҷозат дод, аз тариқи Facebook, танҳо ҷое, ки шавҳари ин зан ҳузури фаъол дошт, мароҳили қонунии талоқро ба иттилои ӯ бирасонад.