Таҳримоти нави Аврупо алайҳи Эрон
Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия бо истинод ба “Маҷаллаи расмӣ”-и Иттиҳоди Аврупо, ки чоршанбеи 8 апрел ба нашр расида, менависад, алайҳи 32 ширкат ва бонки Эрон таҳримоти Иттиҳоди Аврупо тамдид шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эрон бо шашгонаи кишварҳои абарқудрати дунё 2 апрел ба тавофуқ расид, ки аз се ду ҳиссаи ғанисозии ураниюмро ба муддати 10 сол мутаваққиф мекунад. Ҳамчунин Теҳрон муваззаф шудааст, тамоми барномаҳои худро вобаста ба ғанисозии ураниюм ба муддати 25 сол зери назорати байналмилалӣ қарор бидиҳад.
Мутобиқ ба матлаби нашршуда Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба рӯйхати таҳримҳо тағйиру иловаҳо ворид намуда, таҳримот алайҳи ширкатҳои марбути бонки “Тиҷорат” ва 40 ширкати дигар, ки дар январи 2015 қарори Додгоҳи Аврупо бо тарафдорӣ аз қатъи таҳримот бар асари нокофӣ будани далоили ҳуқуқӣ содир шуда буд, тамдид кардааст.
Дар матлаб омада, ин таҳримот аз рӯзи интишори расмии қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо эътибори ҳуқуқӣ мегиранд. Ҳамчунин дар ин матлаб гуфта мешавад, аз рӯйхати таҳримот 3 шахси воқеӣ берун шудаанд.
Дар ин санад омадааст, “дар натиҷаи бознигарии қарори худ 2011/235/PESC, Шӯро қарор дод, ки чораҳои маҳдудкунанда бояд то 13 апрели 2016 тамдид шаванд”.