Боздошти марди 51-сола бо иттиҳоми дастдарозӣ ба ноболиғи 5-сола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 51-солаи шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки дар анҷоми “ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта нисбати хурдсол” муттаҳам мешавад.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, кормандони милиса ин мардро зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки дастгиршуда рӯзи 08.04.с.2015, тахминан соати 07:00 дар хонаи истиқоматиаш нисбати духтарчаи 5-солаи муваққатан истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ содир намудааст”.
Манбаъ афзуда, ки ҳоло нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.