Роза Хушқадамова: Вазъият дар Яман хеле ноором аст
Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Яман мегӯянд, то ҳол барои тарк намудани маҳалҳои ноамн муваффақ нашудаанд.
Роза Хушқадамова, як табиби тоҷик имрӯз, 9 апрел ба “Озодагон” гуфт, ӯ ва шавҳараш -- Раҳимҷон Усмонов дар шаҳри Адан, ки яке аз маҳалҳои ноором аст, қарор доранд: “Ҳамин ҳоло каме дуртар аз маҳалли истиқомати мо ҳавопаймо бомандозӣ мекунад. Вазъият хеле ноором аст”.
Хонум Хушқадамова мегӯяд, ҳамроҳ бо ҳамсараш аз 11 соли пеш ба Яман омадаву дар беморхонаи “Ал Нақиб”-и Адан кор мекунанд. Ӯ меафзояд, ҳоло ваъда шудааст, ки фардо бо як киштии Русия Аданро тарк кунанд: “Бояд барои мо то расидан ба бандар ва савор шудан ба киштӣ шароит фароҳам шавад, вале инҷо гуруҳҳои берун аз назорат ҳам ҳастанд, ки шояд монеъ шаванд”.
Аз ин пеш, 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо шумули 7 мард, 3 зан ва 5 кӯдак бо ирсоли як нома аз Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар аз Яман берун кунад. Ба гуфтаи ин афрод, азбаски дар минтақаи дурдасте ба номи Ҳазрамавтии Яман қарор доранд, намояндагиҳои дипломатии Русия аз интиқоли онҳо ба макони бехавф худдорӣ мекунанд: “Ба сафорати Русия дар Яман муроҷиат кардем, мегӯянд, ки агар то пойтахт, шаҳри Санъо биоед, мо ёрӣ мерасонем. Вале мо то шаҳри Санъо рафта наметавонем, 12 соат роҳ аст ва роҳҳо хатарноканд”.
Ба дунбол Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” гуфт, тамоми сафоратхонаҳои Тоҷикистон бо амри раисҷумҳури кишвар барои берун овардани кулли тоҷикон аз Яман муваззаф шудаанд ва ҳатман онҳоро берун хоҳанд овард: “Тоҷикони муқими Яман бидонанд, ки бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон мо муваззафем ҳамаи онҳоро ба макони бехавф интиқол диҳем ва ин вазифаро ҳатман иҷро хоҳем кард”.
Баъд аз шурӯи нооромиҳо дар Яман то ҳол беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доштанд, тавассути тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия берун оварда шуданд. Як қисмати онҳо аллакай ба Ватан расиданд.