Баъди супориши Президент: Ба Низомномаи гуштии миллӣ тағйирот ворид шуд
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба Низомномаи гуштии миллӣ тағйирот ворид карда, эълон намуд, минбаъд дар тамоми ҷашнҳои миллӣ дар кишвар ин намуди гӯштин дар сатҳи баланд доир хоҳад шуд. Ин тағйирот дар пайи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати рушди гӯштини миллӣ сурат гирифтааст.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахшти иттилооти Кумита имрӯз, 8 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо мақсади баланд бардоштани мақоми гуштии миллӣ ва иҷрои дастурҳои раисиҷумҳури кишвар дар Душанбе семинаре доир шуд, ки дар он масъулин сатҳу мақоми гуштии миллӣ, роҳҳои рушди он ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба низомномаи онро мавриди баҳс қарор доданд: “Ҳамин тавр ба Низомномаи гӯштии миллӣ як қатор тағйиру иловаҳо дароварда шуда, лоиҳаи он дар таҳрири нав таҳия шуд. Ҷиҳати рушду инкишофи гуштии миллӣ дар назар аст, нақшаи алоҳидаи баргузории чорабиниҳо қабул гардад, ки тибқи он бахшида ба тамоми ҷашнҳои миллӣ дар кишвар гуштии миллӣ дар сатҳи баланд доир мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, масъулини соҳаи варзиш мақсад аз даровардани тағйиру иловаҳо ба низомномаи гуштии миллиро мустаҳкам намудани ахлоқи варзишгарон, аз байн бурдани беадолатӣ аз ҷониби доварон ва ҳалли дигар мушкилоти дар ин самт ҷойдошта арзёбӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмури кишвар зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Хуҷанд ба Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар хусуси рушди гуштии миллӣ супориш дода, гуфт, гуштии миллиро на танҳо дар ҷашни Наврӯз, балки дар дигар чорабиниҳо ва мавсимҳо низ доир намоянд.