Қирғизҳо патентро бе навбат мегиранду тоҷикон мемиранд
Муҳоҷирони Қирғизистон имкон доранд нисбат ба дигар муҳоҷирон дар Русия патент барои корро зудтар дастрас кунанд. Дар ин бора Вазорати ҷавонон, кор ва муҳоҷирати ин кишвар хабар додааст.
“Чанде пештар мо аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хабарнома дарёфт кардем, ки дар он гуфта мешуд барои шаҳрвандони Қирғизистон патенти кор зудтар дода мешавад. Аз ин ба баъд онҳо метавонанд патентро дар ҳама гуна марказҳои муҳоҷират бидуни навбатпойӣ бигиранд ва барои қирғизҳо роҳрав ва равзанаи махсус кушода шудааст”,-изҳор доштааст сардори раёсати сиёсати муҳоҷирати ин ниҳоди Қирғизистон, Канибек Сартбаев.
Канибек Сартбаев ҳамчунин гуфтааст, ин навгонӣ ду моҳ пештар ворид шуда ва барои ҳамаи қирғизистониҳои саросари Русия паҳн мешавад. Вазорати ҷавонон, кор ва муҳоҷират гуфтааст, Қирғизистон дар Русия ҳамагӣ 530 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ доранд.
Ин муносибати махсуси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо Қирғизистон дар ҳолест, ки 5 апрел Эсанов Комилҷон Сарибоевич, сокини ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон дар миёни издиҳом дар яке аз нуқтаҳои бо номи Маркази муҳоҷират дар минтақаи Сахаровои Маскави Нав (Новое Москва) барои гирифтани патент ба ҳалокат расид.