Даъвати сафир барои иштироки ҷавонони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Ишанқулӣ Аманлиев, сафири Тукманистон дар Душанбе хостори рушди ҳамкориҳои бештар шудаанд.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахшти иттилооти Кумита ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот рӯзи 7 апрел баргузор шуда, ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон табодули афкор намудаанд. Аҳтам Абдуллозода таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҳамҷавор буда, дар ин самт бо Туркманистон низ ҳамкории дӯстонаро ба роҳ мондааст. Манбаъ мегӯяд, Ишанқулӣ Аманлиев дар навбати худ изҳор намудааст, барои ҳамкории бештар дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш миёни кишварҳо имкониятҳои фаровон мавҷуд аст, ки аз он метавон барои манфиатҳои ҳарду кишвар истифода намуд.
Ба иттилои манбаъ, сафир инчунин таъкид кардааст, дар Туркманистон Конфронси байналмилалии туристиро ба нақша гирифтаанд, ки намояндагони Тоҷикистон низ имкони иштирок дар ин чорбиниро доранд. Аҳтам Абдуллозода роҷеъ ба ҳамкории бештар дар бахши ҷавонон ибрози назар намуда, гуфтааст, барои табодули таҷриба ва боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон иштироки ҷавонони ҳар ду кишвар дар конфронсҳои якдигар аз манфиати холӣ нест.